Итамар Бен Гвир, вазири амнияти дохилии Исроил эълом кард, ки Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ ба ӯ тааҳҳуд додааст, ки Ҳамосро нобуд кунад, аммо агар ин иттифоқ науфтад, ӯ ва вазирони ҳамонанди ӯ кабинаи Натанёҳуро барҳам хоҳанд дод.
Ба назар мерасад буҳронҳои пинҳони кабинаи ҷанги режими саҳюнистӣ пас аз тасвиби тавофуқи оташбас ва табодули усаро, саранҷом бо ошкор шудани таҳдиди мустақими Итамар Бен Гвир, вазири амнияти дохилӣ ба фурӯпошии эътилофи давлатӣ, ба нуқтаи ҷӯши худ расидааст.
Бен Гвир бо ултиматиюме ошкор, барчида шудани комилу воқеии ҷунбиши Ҳамос дар Ғаззаро шарти бақои кабинаи Бенёмин Натанёҳу эълом ва таъкид карда буд, ки дар ғайри ин сурат ҳизби “Қудрати Яҳуд” аз эътилоф хориҷ хоҳад шуд. Таҳдиде ки на танҳо Натанёҳу, балки тамоми сохтори сиёсии Исроилро дар маърази як зилзилаи сиёсии қарибулвуқуъ қарор додааст. Ба вижа онки раъйи мухолифи ӯ ва Бетсалел Смотрич, вазири дороии ифротии режими саҳюнистӣ ба ҳамин тавофуқ, умқи шикофҳои идеологии даруни ин режимро беш аз пеш намоён сохтааст.
Смотрич эълом кардааст, ки Исроил бояд баъд аз озодии усарои саҳюнист аз Ғазза, ин минтақаро ба таври комил тахриб кунад.
Таҳдиди Бен Гвир ба сарнагунии кабинаи Натанёҳу сирфан як манёври сиёсӣ барои гирифтани имтиёзи бештар нест, балки фурӯпошии ин эътилоф на як шикаст барои Натанёҳу, балки вокунише иҷтинобнопазир ба тазоди зотии як ҳукумати ифротӣ аст, ки барои бақои худ ниёзманди идомаи буҳрон аст.
Шикофе ки имрӯз дар даруни кабина эҷод шуда, ба зудӣ табдил ба гудоле амиқ хоҳад шуд, ки тамоми сохтори сиёсии Тел-Авивро дар худ хоҳад балъид ва ин бор суқут аз дарунро рақам мезанад.
Your Comment